05.09.2012
Густариши ҳамкориҳо
23 августи соли ҷорӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон оғоз ёфт. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати баландпоя ҳамроҳӣ карданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов низ дар сафари мазкур ширкат варзиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз он ҷумла Созишномаи миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазири молияи Туркманистон ба имзо расонида шуд.
Тибқи Созишнома тарафҳо ҳамкориро дар самти мубодилаи иттилоот дар марҳилаи ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти дар ихтиёр доштаи худ оид ба амалиёти бо маблағҳои пулӣ ва дигар амволе, ки дар қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва фаъолияти ҷиноятии бо он алоқаманд гумонбар дониста шудаанд, ба роҳ мемонанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ