06.09.2012
Дар бозори дохилӣ қурби доллари ИМА каме боло рафт
Тайи чанд рӯзи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА андаке баланд шуда, дар ҳудуди ш. Душанбе ба 4,8200-4,8400 ва ш. Хуҷанд ба 4,8245-4,8360 сомонӣ баробар гашт.
Қурби миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ бошад каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1470-0,1480 сомонӣ баробар шуд.
Қурби миёнаи аз рӯи амалиёт бо евро баръакс каме баланд шуда, мувофиқан ба 5,9171-5,9549 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 6 сентябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8200-4,8400, ш. Хуҷанд 4,8300-4,8450 ва ш. Қурғонтеппа 4,8200-4,8400 сомониро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ