02.10.2012
Дар ш.Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и АврОсиё баргузор мегардад
3-4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 27 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё баргузор мегардад.
Дар кори ҷаласа роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ва Бонки байнидавлатӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки дар рафти ҷаласа вазъи низоми пардохт ва идораи захираҳои байналмилалии давлатҳои аъзо, қонунгузории давлатҳои Иттиҳоди номбурда дар мавриди масъулияти ташкилотҳои молиявию қарзӣ, таҳлили инкишофи бозорҳои асъори давлатҳои аъзо ва масъалаҳои дигар баррасӣ хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ