Ҷаласаи 27 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё

Бойгонии ахбор
03.10.2012

Ҷаласаи 27 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё

   Имрӯз, 3 октябри соли 2012 ҷаласаи 27 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё бо иштироки ҳамаи роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзо ба кори худ шурӯъ намуд.
    Дар рафти он амалӣ гардидани қарори ҷаласаи 26 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди номбурда, вазъи низоми пардохт ва идораи захираҳои байналмилалии давлатҳои аъзо, инчунин Барномаи омӯзиши тахассусӣ барои соли 2013 ва Барномаи фаъолияти Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзо барои солҳои 2013-2014 матраҳ гардид.
     Дар робита ба ҳар як масъалаҳои мазкур Шӯро қарорҳои дахлдорро қабул намуд.
     Фардо, 4 октябр Шӯро кори худро хотима медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку