Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро андаке поин рафтанд

Бойгонии ахбор
04.10.2012

Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро андаке поин рафтанд

    Дар давоми ҳафта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе, ш. Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавиро дошта, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,8190-4,8330 сомонӣ хариду фуруш мешуд.
    Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро дар рӯзҳои охир каме паст шуда, ба 0,1523-0,1533 ва 6,1560-6,1784 сомонӣ мувофиқан баробар шуданд.
    Имрӯз, 4 октябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8180-4,8390, ш. Хуҷанд 4,8190-4,8300 ва ш. Қурғонтеппа 4,8200-4,8300 сомониро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку