10.10.2012
Сатҳи таваррум муътадил аст
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли равон чун моҳҳои пешин муътадил буда, 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам мебошад. Дар маҷмӯъ сатҳи таваррум дар моҳи август 1,3 фоиз ва дар 12 моҳи охир ба 5,0 фоиз баробар шуд. Таҳлилҳои охири мутахассисон собит намуданд, ки нишондиҳандаҳои боло асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ, маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқа ба даст омадаанд.
Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, 15 августи соли равон 6,5 фоиз муқаррар карда шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ