Ҳаҷми пасандозҳо афзуд

Бойгонии ахбор
11.10.2012

Ҳаҷми пасандозҳо афзуд

    Тавре маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, сол то сол ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои кишвар зиёд шуда истодаанд. Масалан, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,3 фоиз афзуд. Агар ба таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 39,8 фоиз ё 1 831,4 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,2 фоиз ё 2 774,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
     Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-августи соли 2012 бо пули миллӣ 15,89 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,39 фоизи солонаро ташкил доданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку