31.10.2012
Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва пулӣ
Раванди рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нӯҳ моҳи соли 2012 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳаҷми ММД дар давраи баррасишаванда ба 24,8 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд. Рушди мӯътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, гардиши савдои чакана 18,2 фоиз, хизматрасонӣ 13,0 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,4 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 9,8 фоиз ба қайд гирифта шуд.
Сатҳи таваррум раванди муътадилро нигоҳ дошта дар ин давра 5,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 13,6 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 4,8 фоиз ва маҳсулоти озуқа 4,1 фоиз ба миён омад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли равон сатҳи таварруми аслӣ 2,0 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,4 банди фоизи кам мебошад.
Вобаста ба паст гардидани фишорҳои таваррумӣ, дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ сиёсати фоизии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун фишанги асосии пулӣ мавриди истифода қарор гирифт, аз ҷумла дар ин давра меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, бо назардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди қарздиҳӣ 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ дар сатҳи 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.
Дар натиҷаи саривақт анҷом додани амалиёт бо истифода аз фишангҳои пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномавӣ ба ҳисоб меравад, дар давоми солҳои 2011 – 2012 мунтазам афзоиш ёфта, ба санаи 30 сентябри соли ҷорӣ маблағи 3,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 13,6 фоиз зиёд мебошад. Ин афзоиш аз таҳкими рушди иқтисодиёт ва устувории низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад.
Мутобиқи Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати молиявию иқтисодӣ нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, аз қабили Захираҳои софи байналмилалӣ, Дороиҳои умумии хориҷӣ ва Дороиҳои софи дохилӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 мувофиқан 32,4 фоиз, 32,0 фоиз ва 29,8 фоиз афзуданд.
Татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, ки бо истифода аз воситаҳои монетарӣ сурат мегирад, ба мӯътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, рушди бозори коғазҳои қиматнок, таҳкими бозори дохилии асъор, нигоҳ доштани устувории низоми бонкӣ, таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва мусоидат ба бахши воқеии иқтисодиёт равона шудааст.
Департаменти сиёсати пулии БМТ