Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро дар рӯзҳои охир каме коҳиш ёфтанд

Бойгонии ахбор
01.11.2012

Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро дар рӯзҳои охир каме коҳиш ёфтанд

   Тайи ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавиро ба худ касб намуда, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба қимати 4,8250-4,8430 сомонӣ хариду фурӯш мешуд.
    Ҳамчунин дар ин рӯзҳо, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме паст фаромада, мувофиқан ба 0,1515-0,1525 ва 6,1680-6,2120 сомонӣ баробар шуданд.
   Ва ниҳоят имрӯз, 1 ноябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурби миёнаи долл. ИМА дар ҳудуди 4,8280-4,8440 сомонӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку