Афзоиши ҳаҷми пасандозҳо идома дорад

Бойгонии ахбор
02.11.2012

Афзоиши ҳаҷми пасандозҳо идома дорад

    Тамоюли бомароми зиёдшавии ҳаҷми пасандозҳои мардум дар ташкилотҳои қарзӣ идома дорад. Тибқи маълумоти оморӣ дар охири моҳи сентябри соли равон бақияи пасандозҳои аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 фоиз афзуд. Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо аз 40,2 фоиз ё 1 884,3 млн. сомонӣ маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 59,8 фоиз ё 2 802,9 млн. сомонӣ пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошанд.
    Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,84 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 13,18 фоизи солонаро ташкил доданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку