Талаботи аҳолӣ қонеъ карда мешавад

Бойгонии ахбор
05.11.2012

Талаботи аҳолӣ қонеъ карда мешавад

     Тавре маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, дар интиҳои моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ бақияи умумии қарзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,9 фоиз афзуд. Аз ҷумла, 68,4 фоиз ё 3,5 млрд. сомониро бақияи қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 31,6 фоиз ё 1,6 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
    Дар давраи ҳисоботӣ фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 20,53 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,49 фоизи солона баробар шуданд.
    Бинобар зиёд шудани талаботи аҳолӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,8 фоиз афзуд. Аз ин ҳисоб 468,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 18,6 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку