Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ

Бойгонии ахбор
21.11.2012

Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ

    21 ноябри соли равон бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии кишвар машварати корӣ баргузор гардид.
     Дар он масъалаҳои рӯзмарраи низоми бонкии мамлакат, аз ҷумла татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, вазъи низоми бонкӣ, бозорҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок, андешидани чораҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
    Дар рафти ҷаласа роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои даъватшуда дар мавриди масъалаҳои ҳалталаби низоми бонкии кишвар ибрози назар намуда, пешниҳоду дархостҳои худро барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрастониҳои бонкию молиявӣ изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку