Афзоиши қарздиҳӣ ба иқтисодиёт идома меёбад

Бойгонии ахбор
27.11.2012

Афзоиши қарздиҳӣ ба иқтисодиёт идома меёбад

    Ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар охири моҳи октябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,0 фоиз зиёд шудаанд.
    Таркиби бақияи қарзҳо дар ин давра 69,2 фоиз (3,5 млрд. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 30,8 фоиз (1,6 млрд. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ташкил намуд, ки дар он афзудани ҳиссаи қарзҳои дарозмуҳлат ба андозаи 52,4 млн. сомонӣ ё 3,4 фоиз дида мешавад.
    Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 20,94 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,59 фоизи солона баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 3,0 банди фоизӣ паст ва 2,5 банди фоизӣ баланд шуд.
    Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз ва ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 21,1 фоиз зиёд шудааст.


Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку