28.11.2012
Ҷалби бештари пасандозҳо пешниҳоди қарзҳоро зиёд менамояд
Пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ҳисобҳои амонатии ташкилотҳои қарзӣ дар даҳ моҳи соли равон рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 фоиз зиёд шуданд.
Агар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳоро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки 40,5 фоиз (1,9 млрд. сомонӣ)-ро амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 59,5 фоиз (2,8 млрд. сомонӣ)-ро амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,69 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,01 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ