Ҷараёни каме пастшавии қурбҳои асъори хориҷӣ ба назар мерасад

Бойгонии ахбор
29.11.2012

Ҷараёни каме пастшавии қурбҳои асъори хориҷӣ ба назар мерасад

    Ҳафтаи равон долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба ҳисоби миёна бо қимати 4,8400 - 4,8700 сомонӣ хариду фуруш мешуд. Айни замон, ҷараёни каме пастшавии қурби долл. ИМА мушоҳида мешавад.
    Рӯзҳои охири ҳафтаи ҷорӣ қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро низ каме паст шуда, мувофиқан 0,1538-0,1548 ва 6,1890-6,2100 сомониро ташкил доданд.
    Имрӯз, 29 ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8400-4,8700 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8420-4,8720 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8500-4,8700 сомонӣ баробар шуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку