06.12.2012
Қурби миёнаи долл. ИМА дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монд
Дар ин чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, бо арзиши 4,8500 - 4,8700 сомонӣ хариду фуруш мешуд.
Дар ин давра қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке афзуда, мувофиқан 0,1549-0,1559 ва 6,2084-6,2302 сомониро ташкил намуданд.
Имрӯз, 6 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8500-4,8700 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8600-4,8700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8500-4,8700 сомонӣ баробар аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ