Банкоматҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд

Бойгонии ахбор
10.12.2012

Банкоматҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд

    Дар машварате, ки имрӯз, 10 декабри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат баргузор шуд, вазъи феъли фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, макони ҷойгиршавӣ ва бо пули нақд таъмин кардани онҳо, проблемаҳои дар ин бахши хизматрасонии бонкӣ мавҷудбуда ва паҳлуҳои дигари масъалаи номбурда мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
    Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарону мутахассисони бонкҳои ҷумҳурӣ фикру андешаҳои мушаххаси худро дар мавриди ҳаллу фасли камбудиҳои мавҷуда дар кори банкоматҳо, таъмини пурра ва саривақтии онҳо бо пули нақд, ислоҳи камбудиҳои техникӣ, ки ба фаъолияти муназзами банкоматҳо монеаҳо эҷод месозанд, баён намуданд. Қайд гардид, ки банкоматҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд, то ки соҳибони қартаҳои пардохтӣ тавонанд дар лаҳзаҳои зарурӣ аз хизматрасонии онҳо истифода баранд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку