Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва сиёсати пулӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2012

Бойгонии ахбор
17.12.2012

Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва сиёсати пулӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2012

    Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2012 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Ҳаҷми ММД дар ин давра ба 32,6 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, гардиши савдои чакана 17,1 фоиз, хизматрасонӣ 14,5 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 9,8 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ 9,8 фоиз ба қайд гирифта шуд.
    Сатҳи таваррум раванди муътадилро нигоҳ дошта, дар давраи баррасишаванда 6,3 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан дар натиҷаи болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,2 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,6 фоиз ба миён омад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-ноябри соли равон сатҳи таварруми аслӣ 2,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ кам мебошад.
    Баҳри нигаҳдории сатҳи муътадили ҳаҷми пул дар муомилот ва паст гардидани фишорҳои таваррумӣ, дар давоми моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ фишангҳои монетарии Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва бозори асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар ин давра меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст карда шуд. Ҳамзамон, меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод мешаванд, тағйир дода шуд.
    Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, бо назардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди қарздиҳӣ 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ дар сатҳи 5,0 фоиз ва асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар давраи ҳисоботӣ мунтазам афзоиш ёфта, ба санаи 30 ноябри соли ҷорӣ 4,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 26,2 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши мазкур аз таҳкими рушди иқтисодиёт ва устувории низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад.
    Дороиҳои софи дохилӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 мувофиқан 27,9 фоиз зиёд гардид.
    Бонки миллии Тоҷикистон бо истифодаи босамари воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро давом дода, муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот, устувории қурби пули миллӣ ва боздоштани болоравии сатҳи нархҳоро дар кишвар, ки омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад, дар доираи салоҳияти худ таъмин менамояд.

Департаменти сиёсати пулӣ

Возврат к списку