Бойгонии ахбор
20.12.2012

Афзоиши содироту воридот идома дорад

    Тибқи маълумоти расмӣ моҳҳои охир раванди устувори афзоиши ҳаҷми содироту воридоти молу маводҳо давом дорад. Ҳаҷми содироти мол то 1 декабри соли ҷорӣ маблағи 1,2 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,9 млн. долл. ИМА ё 7,4 фоиз зиёд шуд.
    Ҳаҷми воридот бошад, дар ин давра маблағи 3,4 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 520,9 млн. долл. ИМА ё 18,1 фоиз бештар аст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку