Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ каме паст шуданд

Бойгонии ахбор
20.12.2012

Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ каме паст шуданд

    Дар давоми якчанд рӯзи гузаштаи ҳафта ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА каме коҳиш ёфта, дар ҳудуди 4,8500 - 4,8760 сомонӣ қарор дорад.
     Дар мавриди қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, онҳо низ каме паст шуданд ва мувофиқан ба 0,1567-0,1577 ва 6,2825-6,2954 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 20 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8500-4,8765 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8550-4,8700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8550-4,8800 сомониро ташкил доданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку