27.12.2012
Қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир боқӣ монд
Дар чор рӯзи ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, ҳудуди 4,8500 - 4,8750 сомониро ташкил намуд.
Дар ин давра қурбҳои миёнаи аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан ба 0,1566-0,1576 ва 6,3131-6,3374 сомонӣ баробар шуданд.
Ва ниҳоят имрӯз, 27 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8500-4,8750 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8550-4,8700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8600-4,8800 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ