31.12.2012
Ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуд
Бақияи пасандозҳо дар охири моҳи ноябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7 фоиз афзуд. Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 38,9 фоиз (қариб 1,8 млрд. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 61,1 фоиз (зиёдтар аз 2, 8 млрд. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо тамоюли мунтазам поиншавиро давом дода, дар ин давра бо пули миллӣ ба 15,73 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 12,94 фоизи солона баробар шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ