Қурби миёнаи долл. ИМА, рубли русӣ ва евро каме поин шуданд

Бойгонии ахбор
03.01.2013

Қурби миёнаи долл. ИМА, рубли русӣ ва евро каме поин шуданд

    Дар ин чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, каме паст шуда дар ҳудуди 4,8505 - 4,8675 сомонӣ қарор дошт.        
  Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме поин шуда, мувофиқан 0,1553-0,1563 ва 6,3073-6,3289 сомониро ташкил доданд.
  Имрӯз, 3 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8500-4,8675 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8500-4,8600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8500-4,8600 сомонӣ баробар шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку