Ғалабаи дастаҳои футболи хурди БМТ

Бойгонии ахбор
15.01.2013

Ғалабаи дастаҳои футболи хурди БМТ

    Соли 2012 барои дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон соли бобарор буд. Соли гузашта бори нахуст аз тарафи Иттиҳоди футзали Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионат оид ба футзал дар ду сатҳ – силсилаи «А» ва силсилаи «Б» ташкил карда шуд. Дастаи Бонки миллии Тоҷикистон аввал дар силсилаи «Б», яъне лигаи якуми чемпионат ширкат варзида, ҷойи якумро ишғол намуд ва барои иштирок дар силсилаи «А» (лигаи олӣ) роҳхат гирифт. Айни замон дастаи мо дар лигаи олии футзал фаъолона бозӣ карда, дар ҷадвали дастаҳо яке аз аввалинҳо мебошад.

 

    Хотирмонтарин комёбии дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2012 ин иштирок дар мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Александр Кирсанов» ва ғалаба дар он буд. Бояд тазаккур дод, ки ин яке аз пурнуфузтарин мусобиқаҳои шаҳрӣ буда, ҳар сол дар он беҳтарину нерумандтарин дастаҳо ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқаҳо собиқадорону ҷавонони дастаҳои футболи хурд дар гуруҳҳои алоҳида ва инчунин футболбозони касбӣ иштирок намуданд, ки миқдори умумии онҳо 49-дастаро ташкил дод.
    Дар ин бозиҳо ҳам дастаи собиқадорон ва ҳам дастаи ҷавонони футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон дар гуруҳҳои худ ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ ва ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд.
   Бозии аз ҳама ҷолибу пурҳаяҷони ин мусобиқа бозии финалии дастаҳои собиқадорон ва ҷавонони футболи хурд бо футболбозони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ буд. Вохӯрии номбурда 30 декабри соли 2012 баргузор гашт ва дар ибтидо дастаҳои собиқадорон қувваозмоӣ карданд.
   Ҳайати дастаи Бонки миллии Тоҷикистон аз инҳо иборат буд: М. Назаров, Қурбонов Н. (мураббиён), Неъматов А., Мадҷонов К., Одинаев А., Абдусаломов О., Нуриддинов Ф., Муллоев А., Ҳасанов Ғ., Зардов Х., Гиязов Н., Хушвахтов С., Мусоев Ҷ.
    Дар ҳайати дастаи Вазорати корҳои дохилӣ якчанд футболбозони таҷрибадори на танҳо лигаи олӣ, балки дастаи мунтахаби миллӣ бозӣ карданд, аз ҷумла Ғаюров С., Нозирӣ Х., Муминов Т., Раҷабов Ш., Мираков Т., Ҳамидов Н., Қурбонов Р.
    Чун ба толори варзишӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ташриф овард, футболбозону мухлисони Бонки миллӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, бо нерӯи дучанд бозӣ карданд. Собиқадорони дастаи Бонки миллӣ аз лаҳзаҳои аввали бозӣ ташаббусро ба дасти худ гирифта, пайи ҳам ба дарвозаи ҳариф ҳамлаҳо мекарданд. Ҳарчанд дар дастаи муқобил Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов дар майдон бозӣ карда, футболбозони худро бо ҳузури худ далертар менамуд, вале бартарии маҳорати футболбозони мо эҳсос мешуд. Ин буд, ки онҳо пайдарпай ба дарвозаи ҳариф голҳо мезаданд. Ҳамин тариқ, ин бозӣ бо ҳисоби 5-2 ба фоидаи дастаи Бонки миллӣ анҷом ёфт. Голҳои дастаи моро футболбозони моҳиру пуртаҷриба Одинаев А., Абдусаломов О., Хушвахтов С. ва Муллоев Ҷ. ба нишон расонданд.
 
 

    Бозии дуюм байни ҷавонони дастаҳои футболи Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи тартиби муқарраршуда бояд ҳамон рӯз баъд аз ду соат, яъне соати 12.00 оғоз мегардид. Ростӣ, ҳамаи мухлисону футболбозон, ки пуркории А. Шириновро медонистанд, бовар надоштанд, ки ӯ боз ду соати дигар интизор мешавад. Вале бархилофи чашмдошти аксарият, Раиси мо бо як шикебоиву тамкини ба худ хос тӯли ду соат оғози бозии дуюмро интизор шуд, ки аз ин нерӯву эътимоди футболбозони ҷавон ба ғалаба дучанд гардид ва мухлисон низ дар симои ӯ пуштибони хеле қавиеро эҳсос карданд.
    Ба ҳамин минвол бозии финалӣ миёни дастаҳои ҷавонон оғоз гардид. Дастаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати зерин ба майдон баромад: М. Назаров, Қурбонов Н. (мураббиён), Саломов Ҷ., Муҳаммедов А., Назаров С., Назаров К., Ноибов Х., Олимов Ф., Ғаниев А., Расулов З., Шарифов М.
    Дар қисми якуми бозӣ дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ба дарвозаи мо як голи ногаҳонӣ зад, ки ин боиси бештар гаштани ҳаяҷону ташаннуҷи асабҳои футболбозону мухлисони Бонки миллӣ гардид. Ҳарчанд футболбозони мо кӯшиш мекарданд, аммо натиҷае ба даст намеомад. Қисми якуми бозӣ бо ҳамин ҳисоб ба охир расид.
    Дар қисми дуюми бозӣ футболбозони дастаи мо тибқи дастури мураббии худ Назаров М. шеваи бозии худро тағйир дода, пурра ба ҳамла гузаштанд, ки ин ҳолат футболбозони дастаи ҳарифро дар ҳолати ногувор гузошт. Ин тағйирот самараи дилхоҳ дода, дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ футболбози хеле ҷавону пурмаҳорат Назаров С. тӯбро ба ҳадаф расонда, ҳисобро баробар намуд. Баъд аз чанд дақиқаи дигар футболбози моҳиру таҷрибадор Муҳаммедов А. ба дарвозаи ҳариф гол зада, бартарии дастаи моро таъмин намуд. Сипас, футболбозони Вазорати корҳои дохилӣ низ наздик шудани поёни бозиро эҳсос намуда, пайдарпай ба дарвозаи дастаи мо ҳамла мекарданд. Вале муҳофизу дарвозабони дастаи мо Саломов Ҷ. ва Шарифов М. мисли девор сад гузошта, дарвозаи моро аз гол ҳифз мекарданд.

 

    Тӯбе, ки дар дақиқаҳои охирин футболбози умедбахш Назаров С. ба ҳадаф расонд, ҳарифонро комилан ноумед сохта, ғалабаи пурраи дастаи моро таъмин намуд. Ҳамин тариқ, дастаи Бонки миллӣ бо ҳисоби 3 бар 1 бар дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омад.
    Ҳамаи мухлисону тамошобинон, футболбозону мураббиёни дастаи моро бо шӯру шавқи зиёд табрик мегуфтанд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон А.Ширинов низ бо фурӯтаниву хоксории ба худ хос ба майдон баромад ва дасти ҳар як футболбози дастаро фишурда, онҳоро бо ин ғалаба муборакбод намуд.
    Ташаббускорону ташкилкунандагони мусобиқаи пуршукуҳ ҳам дастаи Бонки миллии Тоҷикистонро табрик намуда, бо тантана Ҷоми гиромидошти хотири Александр Кирсановро ба мураббии даста Мирзонаҷот Назаров супориданд. Ҳамин тариқ, шумораи ҷомҳои дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон боз афзун гашта, дар китоби музаффариятҳои он саҳифаи наве илова шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку