Натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2012, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, низоми пардохт, афзоиши пасандозҳо, қурби пули миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 22 январи соли ҷорӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои ҷамъи хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар ибтидои сӯҳбат иброз дошт, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна зимни натиҷагирии соли 2012 дар аксар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ рушди муътадил ба қайд гирифта шуд.
1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми ММД ба 36,2 млрд. сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он нисбат ба соли гузашта 7,5 фоизро ташкил намуд.
Таваррум. Тибқи маълумоти Агентии омор меъёри таваррум дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи боло асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,7 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,6 фоиз ба миён омад.
А. Ширинов дар ҷараёни суҳбат иброз доштанд, ки ба таваррум ҳамчунин аз ҳисоби омилҳои беруна, аз қабили номуътадилии сатҳи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва номусоид омадани обу ҳаво дар кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти ғалладона таъсири манфӣ расид. Ин омилҳо сабабгори дар семоҳаи сеюми соли 2012 боло рафтани нархи гандум ва орд дар бозорҳои дохили кишвар гардид.
(Барои маълумот: тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар охири соли 2012 дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба соли қаблӣ 29,4% ва нафт 1,6% баланд гардид).
Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон соли 2012 сатҳи таварруми аслӣ (бе назардошти таъсири омилҳои берунӣ, мавсимӣ ва маъмурӣ) 2,5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1,9 банди фоизӣ кам мебошад.
Қурби пули миллӣ. Қурби расмии пули миллӣ дар соли қаблӣ тағйирёбии муътадил дошт ва нисбати доллари ИМА дар ин давра ҳамагӣ 0,1 фоиз (8,1 фоиз дар соли 2011) коҳиш ёфт.
Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли ҳисоботӣ 5,1 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 15,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот 8,1 фоиз афзуда, ба 1,3 млрд. долл. ИМА баробар шуд, воридот бошад, 17,8 фоиз зиёд шуда, 3,8 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуд. Касри тавозуни савдо ба 2,4 млрд. долл. ИМА баробар шуда, нисбат ба соли қаблӣ 24,1 фоиз зиёд шуд.
2. Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон
Дар идомаи суханронии хеш Абдуҷаббор Ширинов қайд намуд, ки соли 2012 вобаста ба вазъи макроиқтисодӣ ва бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот, Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мутавозуни пулию қарзиро пеш гирифта, барои истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ кӯшиш ба харҷ дод.
Бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили ҳаҷми пул дар муомилот ва паст намудани фишорҳои таваррумӣ фишангҳои монетарӣ, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, соли гузашта меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 фоиз то 6,5 фоизи солона паст карда шуд.
- барои таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардиданд;
- меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 23,8 фоиз то 18,0 фоиз паст гардид.
Дар соли ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти талаботи бозор 131 музоядаи коғазҳои қиматнокро гузаронид, ки нисбат ба соли қаблӣ 8 музояда зиёд мебошад. Ҳаҷми фурӯши коғазҳои қиматнок 4,9 маротиба зиёд гардида, 1,6 млрд. сомониро ташкил намуд. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба санаи 31 декабри соли ҳисоботӣ 4,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин таърихи рӯзи соли қаблӣ 19,5 фоиз зиёд шуд.
Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 3,7 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз он 25,8 млн. тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар ин давра 1,4 млрд. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 572,4 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.
3. Рушди низоми бонкӣ (маълумоти фаврӣ)
Теъдоди ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 142 ададро ташкил намуд, аз ҷумла: 16 бонк, 1 ташкилоти карзии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 44 ташкилоти қарзии хурд, 46 фонди қарзии хурд ва 301 филиалҳо фаъолият доштанд. Дар ин давра нисбат ба аввали сол 1 адад бонк, 3 адад ташкилотҳои маблағгузории хурд ва 30 адад филиалҳои онҳо зиёд шуданд.
Соли гузашта 1224 адад нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба аввали сол 161 адад зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ин давра 902 адад нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пул фаъолият доштанд, ки назар ба соли пеш 116 адад зиёд мебошад.
Пасандозҳо. Ҳаҷми пасандозҳо дар соли 2012 нисбат ба соли гузашта 5,4 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,7 млрд. сомонӣ баробар шуд. Агар ба ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо назар андозем, онҳо соли гузашта мувофиқан 30,8 ва 69,2 фоизро ташкил доданд.
Дар баробари ин, пасандозҳои шахсони воқеӣ 22,9 фоиз зиёд гардида, 2,8 млрд. сомониро ташкил доданд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор бо пули миллӣ 16,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 0,3 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 1,2 банди фоизӣ паст гардиданд.
Қарзҳо. Бақияи қарзҳои низоми бонкӣ 9,9 фоиз зиёд гардида, дар интиҳои соли 2012 ба 5,3 млрд. сомонӣ расид. Аз он ҷумла, 40,2 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 59,8 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.
Дар ин давра 6,8 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 4,6 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 21,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,5 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 1,0 банди фоизӣ кам ва бо асъори хориҷӣ 2,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ёдовар гардид, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли пеш 33,7 фоиз зиёд шуда, 3,2 млрд. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 663,6 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки назар ба соли қаблӣ 28,2 фоиз зиёд аст.
Низоми пардохт. Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ дар соли ҳисоботӣ 56,4 фоиз зиёд гардида, ба 24,2 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 308,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 68,5 фоиз афзудааст.
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 9 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият намуда, то охири соли ҳисоботӣ қариб 540 ҳазор адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки дар натиҷа шумораи онҳо 42,9 фоиз зиёд гардид. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ дар маҷмуъ 520 765 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2011 39,2 фоиз зиёд аст.
Дар баробари ин, соли 2012 теъдоди банкоматҳо ба 429 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ба 488 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба 265 адад баробар шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ, мувофиқан 96 адад, 153 адад ва 116 адад зиёд гардиданд.
Дар қисмати навбатии сӯҳбат, ки бештар аз як соат идома ёфт ва ба қавли бархе аз рӯзноманигорони дар ҷаласа ҳузурдошта, боз ҳам ҷолибу судманд ва шавқовартар гузашт, хабарнигорони васоити ахбори дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди навигариҳо ва масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, натиҷаҳои фаъолияти департаменти мониторинги молиявӣ, сатҳи таваррум, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, мушкилот дар кори нуқтаҳои мубодилаи асъор, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, бозпас гирифтани пулҳои фарсуда, истифодаи кортҳои пардохтӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, таъмини амнияти амонати шаҳрвандон ҷавобҳои пурра гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ