25.01.2013
Таварруми солона - 6,4 фоиз
Сатҳи таваррум дар моҳи декабри соли гузашта 0,1 фоизро ташкил намуда, дар соли 2012 бо натиҷаи 6,4 фоиз ҷамъбаст шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,7 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,6 фоиз ба миён омад.
Меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар интиҳои соли гузашта 6,5 фоизро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ