31.01.2013
Қурбҳои долл. ИМА паст ва рубли русӣ ва евро андаке афзуданд
Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳафтаи ҷорӣ паст шуда, дар ҳудуди 4,8510 - 4,8680 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин чанд рӯзи охир қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке афзуда, мувофиқан 0,1594-0,1604 ва 6,3814-6,4048 сомониро ташкил доданд.
Имрӯз, 31 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8490-4,8690 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8500-4,8600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8500-4,8600 сомонӣ баробар шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ