Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2013 бо мақсади сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар бо тангаҳои филизӣ тангаҳои филизии «дирам» бо арзишҳои 1 ва 2 дирам барориши соли 2011 ба муомилот бароварда шуданд.
Тангаҳои номбурда дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006 ва 2011, ки айни замон дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ