Қурби миёнаи долл. ИМА паст шуд

Бойгонии ахбор
07.02.2013

Қурби миёнаи долл. ИМА паст шуд

    Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА паст шуд ва дар ҳудуди 4,8390 - 4,8571 сомонӣ қарор гирифт.
    Вале дар ин миён қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке афзуда, мувофиқан ба 0,1595-0,1605 ва 6,4295-6,4531 сомонӣ баробар шуданд.
   Имрӯз, 7 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8390-4,8590 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8450-4,8550 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8400-4,8500 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку