18.02.2013
Диққат: Телефони боварӣ – барои ислоҳи камбудиҳо
Тавре қаблан хабар дода будем, бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат ба миён меоянд ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои марбут ба истифодабарии қартаҳои пардохтӣ моҳи дуюм аст, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ +(992 44) 600-15-20 фаъолият менамояд.
Акнун ҳар муштарӣ ва соҳибони қартаҳои пардохтӣ метавонанд дар мавриди камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода бурдан аз хизматрасонии банкоматҳо рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ