Ҳаҷми содироти мол зиёд шуд

Бойгонии ахбор
21.02.2013

Ҳаҷми содироти мол зиёд шуд

    Тавре аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳаҷми содироти мол дар моҳи январи соли равон ба 126,4 млн. долл. ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,2 млн. долл. ИМА ё 19,0 фоиз зиёд мебошад.
    Баъди натиҷагирии фаъолияти якмоҳаи соли ҷорӣ маълум гардид, ки ҳаҷми воридот 301,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳамагӣ 9,3 млн. долл. ИМА ё 3,2 фоиз афзун гаштааст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку