21.02.2013
Қурби миёнаи долл. ИМА бетағӣир боқӣ монд
Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳафтаи равон бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,8334 - 4,8595 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин миён қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме поин фаромада, мувофиқан ба 0,1590-0,1601 ва 6,4280-6,4502 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 21 феврал қурбҳои миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8400-4,8600 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8500-4,8550 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8400-4,8600 сомониро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ