Пасандозҳои шахсони воқеӣ 26,7 фоиз зиёд шуданд

Бойгонии ахбор
28.02.2013

Пасандозҳои шахсони воқеӣ 26,7 фоиз зиёд шуданд

    Мувофиқи маълумотҳои оморӣ бақияи пасандозҳо дар интиҳои январи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз афзуд. Тавре таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, 36,6 фоиз (1 722,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,4 фоиз (2 982,7 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд. Қобили қайд аст, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ назар ба ин санаи соли гузашта 26,7 фоиз афзуданд.
    Дар моҳи январи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба 15,21 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,54 фоизи солона баробар шуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку