01.03.2013
Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурд назаррас аст
Ҷамъбасти натиҷаи моҳи январи соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд шудааст. Аз он ҷумла 2 248,7 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 3 244,6 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил намуданд. Таркиби бақияи қарзҳо аз 64,0 фоиз (ё 3 518,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 36,0 фоиз (ё 1 974,9 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ мувофиқан 401,8 млн. сомонӣ (ё 12,9 фоиз) ва 253,5 млн. сомонӣ (ё 14,7 фоиз) афзуданд.
Дар моҳи аввали соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 25,97 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,99 фоизи солонаро ташкил намуд. Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурди пешниҳодшуда дар ин давра назаррас буда, нисбат ба моҳи январи соли гузашта 56,1 фоиз зиёд гардид.
Аз ин ҳисоб 62,9 млн. сомонии он ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 53,4 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ