15.03.2013
Таварруми думоҳа ба 1,1 фоиз баробар шуд
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар давраи январ-феврали соли равон яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ – таваррум 1,1 фоиз ва дар моҳи феврал 0,6 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум дар давоми 12 моҳи охир ба 7,0 фоиз баробар шуд.
Меъёри бозтамвил, ки ҳамчунин яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар моҳи феврали соли ҷорӣ чун моҳҳои пешин дар сатҳи 6,5 фоиз бе тағйир қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ