18.03.2013
Содироти мол зиёд ва воридоти он коҳиш ёфтааст
Тавре аз иттилооти расмии Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ бармеояд, дар зарфи ду моҳи соли равон ҳаҷми содироти мол 242,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,6 млн. долл. ИМА ва ё 17,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, ҳаҷми воридот дар давраи ҳисоботӣ маблағи 543,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил кард, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба андозаи 78,0 млн. долл. ИМА ё 12,6 фоиз коҳиш ёфт.
Хадамоти матбуоти
БМТ