Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ чун пештара муътадил мебошанд

Бойгонии ахбор
19.03.2013

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ чун пештара муътадил мебошанд

    Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2013 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Ҳаҷми ММД дар ин давра ба 3,9 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,2 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла соҳаи сохтмон 19,6 фоиз, гардиши савдои чакана 11,8 фоиз, хизматрасонӣ 11,2 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,5 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ 2,3 фоиз ба қайд гирифта шуд.
    Сатҳи таваррум дар давраи ҳисоботӣ 1,1 фоизро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 5,0 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,7 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,3 фоиз ба вуқӯъ пайваст. Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 7,0 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
    Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ- феврали соли 2013 сатҳи таварруми аслӣ - 0,02 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,96 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми аслии солона 1,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,6 банди фоизӣ кам мебошад.
    Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии кишвар ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, таъмини фаъолияти солим ва устувори низоми бонкии кишвар равона гардид. Аз ин лиҳоз, бинобар муътадил будани вазъи иқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ бетағйир нигоҳ дошта шуд. Ҳамзамон, меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 18,0 фоиз то 16,3 фоиз коҳиш ёфт.
    Баҳри нигоҳ доштани устувории низоми бонкии кишвар ва таъмини ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, дар давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба бонкҳои ватанӣ ба маблағи 218,3 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод карда шуд.
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳолати 28 феврали соли ҷорӣ маблағи 4,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 0,3 фоиз зиёд мебошад.
    Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои он ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ва мусоидат намудан ба ҷараёни рушди устувори иқтисодиёт дар кишвар равона месозад.

Департаменти сиёсати пулӣ

Возврат к списку