Қурби долл. ИМА ҳафтаи равон каме баланд шуд

Бойгонии ахбор
20.03.2013

Қурби долл. ИМА ҳафтаи равон каме баланд шуд

    Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тайи чанд рӯзи ҳафтаи равон каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8483 - 4,8658 сомонӣ қарор гирифт.
    Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро нисбатан устувор боқӣ монда, мувофиқан ба 0,1563-0,1573 ва 6,2706-6,2948 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 20 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8510-4,8710 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8600-4,8700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8500-4,8600 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку