Маркази матбуоти Ҷаласаи 11-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Муҳовараи ҳамкории Осиё

Бойгонии ахбор
28.03.2013

Маркази матбуоти Ҷаласаи 11-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Муҳовараи ҳамкории Осиё

     Қабл аз оғози Ҷаласаи 11-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Муҳовараи ҳамкории Осиё, ки рӯзҳои 27-30 марти соли ҷорӣ оғоз гардид, дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуоти ин чорабинии байналмилалӣ ташкил карда шуд.
    Барои инъикоси чорабинии мазкур, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз рафти баргузории он ва таҳияи мақолаю гузоришҳо дар Маркази матбуот ба рӯзноманигорон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд аз имкониятҳои мавҷудаи Маркази матбуоти ҷаласаи номбурда, аз ҷумла 40 адад компютери нави пайваст бо шабакаи Интернет, 100 нуқтаи дастрасӣ ба шабакаи интернети беноқил (WIFI) ва таҷҳизотҳои дигари зарурии алоқа истифода баранд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку