03.04.2013
Ҳаҷми пасандозҳо зиёд гардид
Тибқи маълумотҳои оморӣ бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар охири моҳи феврали соли равон қариб 4,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7 фоиз афзуд.
Дар таркиби бақияи пасандозҳо маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст, аз ҷумла, 36,0 фоиз ё 1’762,2 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,0 фоиз ё 3’ 131,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳи феврал бо пули миллӣ 15,36 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9,89 фоизи солонаро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ