Дар бозори дохилӣ қурбҳои асъори хориҷӣ каме баланд шуданд

Бойгонии ахбор
11.04.2013

Дар бозори дохилӣ қурбҳои асъори хориҷӣ каме баланд шуданд

    Дар ин чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8564 - 4,8745 сомонӣ қарор гирифт.
   Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ чунин тамоилро дошта, мувофиқан ба 0,1540-0,1550 ва 6,2316-6,2552 сомонӣ баробар шуданд.
    11 апрел, яъне имрӯз қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8570-4,8765 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8600-4,8700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8600-4,8700 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку