Бонки миллӣ ғолиби мусобиқаи ҷоми Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи намуди “Футболи хурд”

Бойгонии ахбор
11.04.2013

Бонки миллӣ ғолиби мусобиқаи ҷоми Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи намуди “Футболи хурд”

   Имрӯз дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» зери шиори «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» баргузор гардид. Дар набардҳои варзишӣ аз 9 март то 11 апрели соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ ва корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, байни худ аз рӯи «Футболи хурд», шашка ва шоҳмот қувваозмоӣ намуданд.
    Дар мусобиқа аз рӯи «Футболи хурд»дар қатори 29 даста (варзишгарони то 40 сола) футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.
    Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабиниҳои варзишӣ, ин тайёрии ҷисмонӣ, ҷалби кормандон ба машғулиятҳо, мустаҳкам намудани саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад ва он дар рушд ва тарғибу ташфиқи мусобиқа байни кормандони мақомоти қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ саҳми арзанда мегузорад.


   
    Дар даври ниҳоии мусобиқа, ки имруз - 11 апрел баргузор гардид, варзишгарони Бонки миллии Тоҷикистон барои сазовор гардидан ба ҷои аввали мусобиқа бо дастаи Ширкати мобилии «BABILON-М» муқовимат намуда, маҳорати хуб нишон доданд ва бо ҳисоби 5-2 ғолибиятро ба даст оварданд.
    Зимни ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, дастаи варзишгарони Бонки миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои таъсиснамудаи Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла ҷом, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку