Қурби миёнаи долл. ИМА дар охири ҳафта андаке паст шуд

Бойгонии ахбор
25.04.2013

Қурби миёнаи долл. ИМА дар охири ҳафта андаке паст шуд

    Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар охири ҳафта андаке паст шуда ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8786 - 4,8965 сомонӣ қарор гирифт.
    Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ ин тамоилро такрор карда, мувофиқан ба 0,1538-0,1547 ва 6,2990-6,3237 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз бошад, қурбҳои миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8820-4,8890 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8900-4,9050 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,9000 сомониро ташкил доданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку