Қурби миёнаи долл. ИМА боз андаке паст шуд

Бойгонии ахбор
10.05.2013

Қурби миёнаи долл. ИМА боз андаке паст шуд

    Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигар ҷумҳурӣ ҳафтаи равон боз андаке паст шуда, ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,8648 - 4,8826 сомонӣ қарор гирифт.
    Қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, бетағӣир боқи монда, мувофиқан ба 0,1545-0,1555 ва 6,3130-6,3350 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 10 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8640-4,8820 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8700-4,8800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8700-4,8800 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку