Сатҳи таваррум муътадил аст

Бойгонии ахбор
27.05.2013

Сатҳи таваррум муътадил аст

    Таваррум, ки яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ маҳсуб меёбад, дар моҳи апрели соли равон низ ҷараёни муътадилшавии худро идома дод. Дар чор моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум 1,4 фоиз ва дар моҳи апрел 0,2 фоизро ташкил намуд. Нишондиҳандаи номбурда дар давоми 12 моҳи охир ба 5,9 фоиз баробар шуд.
    Фишанги сиёсати пулию қарзӣ - меъёри бозтамвил бошад, дар моҳи апрели соли равон бетағйир буда, дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дошт.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку