31.05.2013
Ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо 38,3 фоиз афзуд
Тибқи маълумотҳои низоми бонкӣ ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар охири моҳи апрели соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,3 фоиз афзуд. Таркиби бақияи қарзҳо дар чор моҳ аз 64,4 фоиз (3’918,3 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 35,6 фоиз (2’164,7 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 24,66 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 20,06 фоизи солонаро ташкил намуд.
Раванди афзоиш ёфтани пешниҳоди қарзҳои хурд бинобар баланд будани талабот ба онҳо идома дорад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,6 фоиз зиёд шудааст. Қобили қайд аст, ки аз ҷумла, 299,0 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,5 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ