Қурби долл. ИМА бетағйир боқӣ монда, рубли русӣ андаке паст ва евро каме баланд шуданд

Бойгонии ахбор
13.06.2013

Қурби долл. ИМА бетағйир боқӣ монда, рубли русӣ андаке паст ва евро каме баланд шуданд

    Дар давоми ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8610 - 4,8790 сомонӣ қарор дорад.
    Дар баробари ин, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ андаке паст шуда, ба 0,1495 - 0,1507 сомонӣ ва бо евро бошад, каме баланд гардида, ба 6,3137 - 6,3382 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 13 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8600-4,8800 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8675-4,8775 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8700-4,8800 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку