18.06.2013
Таваррум дар моҳи май - 0,1%
Тавре аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, таваррум, ки яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ ба шумор меравад, дар моҳи май низ дар сатҳи муътадил қарор дошт. Масалан дар панҷ моҳи соли равон сатҳи таваррум 1,5 фоиз ва дар моҳи май 0,1 фоизро ташкил намуд. Нишондиҳандаи зикргардида дар давоми 12 моҳи охир ба 5,6 фоиз баробар шуд.
Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ чун чанд моҳи пешин бе тағйир боқӣ монда, дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ