Афзоиши бақияи умумии қарзҳо идома дорад

Бойгонии ахбор
25.06.2013

Афзоиши бақияи умумии қарзҳо идома дорад

    Дар охири моҳи майи соли ҷорӣ аз рӯи маълумоти бонкӣ, бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,9 фоиз афзуд. Агар ба таркиби бақияи қарзҳо дар панҷ моҳи гузашта назар андозем, он аз 64,1 фоиз (4’025,4 млн.сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 35,9 фоиз (2’249,8 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад, ки суръати афзоиши он аз рушди умумии қарзҳо 24,2 фоиз зиёдтар мебошад.
    Дар давраи ҳисоботӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,58 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 21,05 фоизи солонаро ташкил намуданд.
    Чун моҳҳои гузашта ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бинобар баланд шудани талабот ба онҳо, раванди афзоиши худро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 49,5 фоиз зиёд шуд. Гузашта аз ин, 375,6 млн.сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 46,1 фоиз зиёд аст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку