Ҷавоб ба мақолаи Ҷамила Мирбозхонова «Бемасъулиятӣ дар бонки масъулиятшинос», ки дар ҳафтаномаи «Озодагон» 26 июни соли 2013 таҳти №25 (285) ба чоп расидааст
Қабл аз ҳама бояд қайд намуд, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов на 22 июн, тавре дар мақолаи номбурда омадааст, балки 20 июни соли равон ба синни 60-солагӣ қадам ниҳоданд. Илова бар ин, 20 июн, яъне панҷшанбе ва чанд рӯзи пеш аз ин бо сафари муҳими корӣ дар вилояти Суғд қарор доштанд.
Дар мавриди он ки гӯё рӯзи шанбе, 22 июни соли ҷорӣ раиси БМТ А. Ширинов тантанаи ҷашни мавлуд барпо намудаю меҳмонон барои табрикаш омада бошанд, танҳо ҳаминро иброз доштанием, ки он рӯзро ӯ дар дафтари кории худ барои ҳаллу фасли масъалаҳои бонкӣ сарф намуд.
Таассуфовар он аст, ки ҳафтаномаи «Озодагон» маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро насанҷида ба нашр расонидааст, зеро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов умуман ҷашн ё тантанаи 60-солагиашро барпо накарда буд.
Хадамоти матбуоти
БМТ